Логотипи Нури ТоҷикНУРИ ТОҶИКNURI TOJIK

ЭЛЕКТРОМОНТАЖ • ПАНЕЛИ ОФТОБӢ • ОМӮЗИШ

Энергияи
боэътимод.

Мутахассисони касбӣ. Ояндаи равшан. «Нури Тоҷик» системаҳои барқӣ ва офтобиро месозад ва мутахассисони навро бо таҷрибаи воқеӣ омода мекунад.

НАТИҶАҲОИ МО

МИҚЁСИ КОР

Рақамҳое, ки аз таҷрибаи воқеӣ мегӯянд
мутахассиси омӯзонидашуда
панели офтобии насбшуда
тамошо ҳар моҳ
мутахассис дар даста
лоиҳаи анҷомёфта
Ҳисоби техникӣСметаи фаҳмоМонтажи тозаМасъулият то натиҷа

СЕ САМТИ АСОСӢ

Як ширкат.
Се роҳи рушд.

Ҳар самт саҳифаи алоҳида ва роҳи равшани худро дорад. Ҳангоми ҳаракат аз рӯйи саҳифа, кори воқеии ширкат иваз мешавад.

01 / 03
30+мутахассис дар даста
01АЗ СХЕМА ТО СУПОРИДАНИ ОБЪЕКТ

Электромонтаж

Хона, офис, мағоза ва объектҳои саноатӣ — бо лоиҳа, смета, монтажи тоза ва санҷиши ниҳоӣ.

  • Электрик ба суроға
  • Лоиҳакашӣ ва смета
  • Системаҳои саноатӣ
Самтро пурра бинед
02ЭНЕРГИЯ БАРОИ ХОНА ВА САНОАТ

Панелҳо ва мағоза

Таҷҳизот, системаҳои тайёр, ҳисобкунаки онлайн, насб, мониторинг ва хизматрасонии баъди монтаж.

  • Таҷҳизоти алоҳида
  • Системаҳои 5–100 кВт
  • Ҳисобкунак ва дархост
Самтро пурра бинед
03ДОНИШЕ, КИ ДАР АМАЛ КОР МЕКУНАД

Маркази омӯзишӣ

Курси электрик, панелҳои офтобӣ ва барномаи муҳандисӣ — бо машғулияти амалӣ, гурӯҳ ва сертификат.

  • Курси электрик
  • Курси панелҳои офтобӣ
  • Барнома барои муҳандисон
Самтро пурра бинед

ТАҶҲИЗОТИ МО

Брендҳо дар лоиҳаҳо ва каталоги мо

Таҷҳизотро аз рӯйи вазифаи объект ва мувофиқати техникӣ интихоб мекунем.

КЕЙСҲОИ ИНТЕРАКТИВӢ

Натиҷа дар
майдони кор.

Объектро интихоб кунед, маълумоти техникӣ ва ҳамаи наворҳои воқеии онро дар як ҷой бинед.

CASE / 0100:25
ФАБРИКАИ «ШИРИН» • ДУШАНБЕНамои умумӣ
01 / 05

ФАБРИКАИ «ШИРИН» • ДУШАНБЕ

Фабрикаи Ширин

1,6 МВт

Системаи саноатӣ бо 2600 панели LONGi 650 Вт, 13 инвертори GoodWe 125 кВт ва қисми гибридӣ бо аккумулятор.

Панелҳо
2600 × LONGi 650 Вт
On-grid
13 × GoodWe 125 кВт
Гибрид
50 кВт + батарея
Барои объекти худ ҳисоб гиред

ҶУҒРОФИЯИ ЛОИҲАҲО

Энергия дар
саросари Тоҷикистон.

объекти иҷрошуда
ва идомадошта
Объекти Нури Тоҷик дар Душанбе
10 объект3,56 МВт+

НУҚТАИ ФАЪОЛ

Душанбе

Даҳ лоиҳаи саноатӣ, тиҷоратӣ ва истиқоматӣ дар пойтахт.
  • Фабрикаи «Ширин» — 1,6 МВт
  • Бозори «Меҳргон» — 1,5 МВт
  • «Интерсохтумон» — 213 кВт, 344 панел
  • «Ориё Медикал» (заводи шприц) — 200 кВт
  • Бозори Кушониён — 50 кВт
  • 5 объекти дигари тиҷоратӣ ва истиқоматӣ
ДУШАНБЕНОРАКБОХТАРВОСЕЪРОМИТДАРВОЗШАМСИДДИН ШОҲИНШАҲРИТУЗҚУБОДИЁННОҲИЯҲОИ ТОБЕИ МАРКАЗ40+ ОБЪЕКТ ДАР САРОСАРИ КИШВАР

ТАРТИБИ ҲАМКОРӢ

Ҳар марҳила
равшан аст.

Пеш аз оғози кор ҳаҷм, мавод, муҳлат ва тартиби иҷро мувофиқа мешавад.

01

Дархост

Навъи объект, масоҳат ва вазифаро кӯтоҳ мегӯед.

02

Боздид

Мутахассис ҳолатро месанҷад ва маълумоти техникӣ мегирад.

03

Нақша ва смета

Ҳаҷми кор, мавод, муҳлат ва нарх пешакӣ равшан мешавад.

04

Иҷро ва санҷиш

Система насб, санҷида ва бо шарҳи пурра супорида мешавад.

МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ

Донише, ки
дар амал кор мекунад.

Самти мувофиқро интихоб кунед ва натиҷа, модулҳо ва сатҳи барномаро бинед.

БАРНОМАИ 1-МОҲА

Курси «Электрики доно»

Барои касоне, ки мехоҳанд касби электрикро аз асос омӯзанд ва корҳои маъмулро бо фаҳмиши бехатарӣ иҷро кунанд.

  1. 01

    Асосҳои барқ ва техникаи бехатарӣ

  2. 02

    Хондани схема ва интихоби кабел

  3. 03

    Сипар, автомат, розетка ва равшанӣ

  4. 04

    Машғулиятҳои амалӣ бо асбобҳо

НАТИҶАИ ОМӮЗИШ

Хатмкунандагони
мо.

500+хатмкунанда80–100мутахассиси нав ҳар моҳ

Инҳо аксҳои воқеии гурӯҳҳо, машғулиятҳои амалӣ ва супоридани сертификатҳо мебошанд. Барои дидани аксҳои дигар ҳаракат кунед ё галереяро пурра кушоед.

3

самт —
як стандарт

БАРОИ ХОНА

Системаи бехатар

Монтажи дуруст, кори тоза ва натиҷаи фаҳмо барои соҳибхона.

БАРОИ БИЗНЕС

Энергияи боэътимод

Ҳалли ҳисобшуда барои офис, мағоза ва объектҳои тиҷоратӣ.

БАРОИ ОМӮЗИШ

Касб ва таҷриба

Барномаҳои амалӣ барои шурӯъкунанда ва мутахассиси амалкунанда.

ТАҶРИБАИ ОДАМОН

Дарсҳо аз нигоҳи
шогирдони мо.

Курси электромонтаж

Аз омӯзиш то кор дар объект

Хатмкунанда дар бораи таҳсил ва кори худ дар объектҳои насби панелҳои офтобӣ нақл мекунад.

Курси электромонтаж

Як моҳ омӯзиши амалӣ

Шогирд дар бораи ҷамъ кардани сипари барқӣ ва пайваст кардани калидҳо нақл мекунад. Дар дасташ сертификати хатми курс аст.

Курси электромонтаж

Аз омӯзиши аввал то васлкунии сипар

Шогирд дар бораи омӯзиши сипарҳои барқӣ, калидҳо ва розеткаҳо нақл мекунад. Дар видео намунаи кори амалии ӯ низ ҳаст.

Курси электромонтаж

Аз шиносоӣ то кори амалӣ

Шарҳи шогирд дар бораи омӯзиши электромонтаж, бо кадрҳои кори ӯ дар сипари барқии дарсӣ.

Ҳамаи шарҳҳо · 20

САВОЛҲОИ МАЪМУЛ

Пеш аз оғоз
чиро донистан лозим?

Нархи электромонтаж чӣ гуна ҳисоб мешавад?+

Нарх аз масоҳат, ҳолати объект, шумораи нуқтаҳо, таҷҳизот ва ҳаҷми корҳои пинҳонӣ вобаста аст. Пас аз маълумоти аввал ё боздид смета пешниҳод мешавад.

Оё маводро худи ширкат дастрас мекунад?+

Метавонем рӯйхати дақиқи маводро омода кунем ё харидро пурра ба уҳда гирем. Вариант пеш аз оғози кор мувофиқа мешавад.

Барои курси электрик таҷриба лозим аст?+

Барои барномаи «Электрики доно» таҷрибаи пешакӣ талаб намешавад. Барои самтҳои касбӣ сатҳи дониш пеш аз сабт муайян мешавад.

Машварати аввал чӣ гуна мегузарад?+

Шумо ҳадаф ё мушкилро мегӯед, мо маълумоти заруриро ҷамъ карда, қадами дуруст — боздид, ҳисоб ё интихоби курсро пешниҳод мекунем.

ҚАДАМИ АВВАЛ

Вазифаро гӯед.
Роҳи ҳалро меёбем.

Маълумоти кӯтоҳро пур кунед. Дархост бо рақами алоҳида сабт мешавад ва суҳбатро метавонед дар WhatsApp идома диҳед.

WHATSAPP / ТЕЛЕФОН+992 977 44 44 22
Ба шумо чӣ лозим аст?

Ин дархост аст. Мавҷудият, нархи ниҳоӣ ва расонидан пеш аз пардохт тасдиқ мешаванд.

Тамос бо «Нури Тоҷик»

Душанбе · назди бозори Меҳргон

+992 977 44 44 22

Email-и ширкат

nuri.tojik2025@gmail.comnuri.tojik.asosi@gmail.com

Моро пайгирӣ кунед

Instagram · @nuri_tojik_electric ↗Facebook · Nuri Tojik Electric ↗
ИНТИХОБИ ШУМО

Сабади маҳсулот

Сабад ҳоло холӣ аст.